Паноҳгоҳи изтирорӣ дар ВМКБ бунёд шуд

Иншооти муҳим дар натиҷаи ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардида, дорои тамоми шароитҳои зурурии будубош мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Паноҳгоҳ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда барои 80 нафар дар шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуд.
Дар ин ҳукумати ВМКБ иттилоъ дода, афзуд, ки паноҳгоҳи мазкур бо иштироки мақомдорони вилоят ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, генерал Рустам Назарзода ифтитоҳ шуд.
"Бинои он аз утоқҳои алоҳидаи хоб барои мардон ва занон, утоқи тиббӣ, ошхона, ҳаммом, деги буғӣ барои гармидиҳӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Дар бинои бисёрошиёнаи навбунёди Хоруғ ба зарардидаҳо аз тарма хона доданд
Таъкид шудааст, ки то ҳол дар шароити ҳолаҳои фавқулодда сокинон дар меҳмонхонаҳо ва дигар намуди иншоот ҷобаҷо мешуданд.
Ба иттилои расмӣ, танҳо дар 6 моҳи соли 2023 дар вилоят 20 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар вилоят дар пайи ин ҳаводис 18 нафар ҷони худро аз даст дода, зарараш бошад ба 19 млн сомонӣ расидааст.
Ҳисоб карда шудааст, ки дар маҷмӯъ, дар 25 соли охир дар ВМКБ 314 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дода, дар натиҷа 63 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Хисороти моддӣ дар тамоми давра ҳудуди 300 млн сомонӣ ҳисоб шудааст.