ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Покистон Мумтоз Заҳро Балуҷӣ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки таслеҳоти боқимонда пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ба дасти террористҳо афтод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо касеро муқассир намедонем, аммо силоҳҳои амрикоӣ ба ҷой монда дар Афғонистони ниёзманди тавваҷуҳ ҷаҳонӣ аст зеро ба дасти гуруҳҳои террористӣ афтодааст", - афзуд Балуҷ.
Ин дипломат афзуд, ки Покистон ба давлати муваққати Афғонистон иброз нигаронӣ кардааст, ки аз ҳамалоти террористӣ аз хоки Афғонистон ки тайи он ифротгароён аз силоҳҳои амрикоӣ истифода кардаанд, иброз нигаронӣ кардааст.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин ҳафта тавассути ситезаҷӯёни Таҳрики толибони Покистон* ( TTP ) дар ҳамалоти ин ҳафта ба истҳои бозрасии артиши Покистон дар шимоли ғарбии устони хайбари Пахтунхво дар марзи Афғонистон истифода шуд.
Пеш аз ин, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид намояндаи расмии толибон* ки, қудратро дар Афғонистон ба дасти гирифта буд, истидлол кард, ки силоҳҳои сохти Амрико, ки тавассути ИМА дар Афғонистон ба ҷоймонда дар анборҳо нигаҳдорӣ мешавад ва фурӯши онҳо мамнӯъ аст.
Муҷоҳид гуфт, аз замони ихроҷи неруҳои хориҷӣ ва ба даст гирифтани қудрати тавассути толибон, тамомии силоҳҳо, таҷҳизоту васоили нақлия дар анборҳо ва захоири кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеҷ каси иҷозаи ҷо ба ҷои ва фурӯши онҳоро надорад.
Ин дар ҳолеаст, ки Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрикои ахиран дар як нишасти хабарӣ дар маркази расонаҳои хориҷӣ дар пойтахти ин кишвар гуфтааст: "ҳеҷ таҷҳизоте аз сарбозони амрикоӣ боқӣ намондааст. Замоне, ки амалиёти тахлияи худро комил кардем, миқдори ками таҷҳизот ва ҳавопаймо вуҷуд дошт ва пас аз инҳидоми онҳо хориҷи шудем".
* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад