Сокинони маҳаллаи 3 - юми шаҳри Хуҷанд мегуянд, солҳо ба ин тараф аз интиқоли оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, аммо то кунун амалан коре барои ҳалли он сурат нагирифтааст.
Ин минтақа аз солҳои 80-уми асри гузашта дар заминаи фаъолсозии ду коргоҳи бузурги саноатӣ: Корхонаи истеҳсоли зарфҳои сирдор ва Корхонаи таҷҳизоти газӣ бунёд шуда, он замон ҳамчун шаҳраки коргарон маъруф буд.
Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ин корхонаҳо хусусӣ шуданд ва таъминоти оби нӯшокӣ ба мушкили № 1-и ин маҳалла табдил шуд . Таъминоти оби нӯшокӣ низ хусусӣ шуд ва онро ширкати “Худхизматрасон -2013” бар уҳда гирифт.
Зимнан дар ин маҳалла беш аз 450 хонавода ва ҳудуди 2 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ин маҳаллаи Хуҷанд рафт ва мушоҳида намуд, ки дар биноҳои ошёнадор сокинон чи гуна оби нӯшокиро ҳанӯз бо усули “қадима” захира мекунанд.
Бино ба гуфти сокинони дар ин маҳалла ҳоло аз рӯи реҷа дар шабонарӯз 3 - 4 соат субҳ ва 3 - 4 соат шом оби нӯшокӣ интиқол дода мешавад.
Ба далели ин мушкил баъзеҳо, дар таҳхонаи биноҳо зарфҳои 500 ва 1000 литраи пластикӣ насб намуда обро захира ва тавассути муҳаррик ба хонаҳояшон мекашанд.
Аммо чунин имкони обзахиракуниро на ҳама дорад, зеро харидорӣ, насб ва аз сӯи дигар нигоҳубини чунин зарфҳои пласмасӣ ба гуфтаи сокинон харҷи маблағи изофиро тақозо мекунад, ки тавони иқтисодии на ҳар кас барои он мерасад.
Малика Зуҳурова, яке аз бошандагони маҳал мегӯяд, агар масъулони шаҳр таъминоти оби нӯшокии инҷоро мисли дигар маҳаллаҳои Хуҷанд барқарор кунанд дигар ҳоҷат ба насби бушкаҳои плостикӣ дар таҳхонаҳо намемонад.
Аммо хоҷагидор Нина Ушакова, мегӯяд, барои баррасии вазъ борҳо ба идораҳои ҳукуматӣ муроҷиат карданд, аммо, амалан то имрӯз масъала ҳал карда нашуд.
Мурод Умаров, иҷрокунандаи вазифаи раиси маҳаллаи дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкати “Худхизматрасон -2013” аз рӯи таърифҳои гуногун обрасониро миёни сокинони ин маҳалла ва маҳаллаҳои ҳамшафати он ба роҳ монда, вале пардохти масрафи қувваи барқро ҳамчун субъекти тиҷоратӣ пардохт мекунад, ки барояш хароҷотбор аст.
“Об бисёр аст, аммо масъалаи асосӣ харҷи пардохти қувваи барқ аст. Ширкате, ки масъулияти бо оби нӯшокӣ таъмин намудани ин маҳалларо бар уҳда гирифтааст, инчунин муштариёни тиҷоратӣ дорад, ки ҳаққи пардохти 1 метри мукааб об дар он ҷой на 2 балки 7 сомонӣ аст. Бо ҳамин сабаб дар ин маҳалла оби нӯшокӣ аз рӯи соат дода мешавад. Агар соати обрасонӣ бештар шавад, ҳаққӣ об ҳам зиёд мешавад, ки барои аҳолӣ гаронӣ мекунад” – гуфт, ӯ.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар посух ба муроҷиати сокинон ваъда додааст, ки масъалаи таъминоти оби нӯшокии ин маҳалларо ба Идораи “Хуҷандобуканал” вогузор намуда ба ин васила мушкили “қадима”- и шаҳрро рафъ мекунад.