ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ Илон Маск гузоришҳо дар мавриди пешгирии ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба флоти Баҳри Сиёҳи Русияро тавзеҳ дод.
Ахиран CNN порчаҳоро аз китоби тарҷумаиҳолии то ҳол нашрнашудаи Маск, ки Уолтер Айзексон навиштааст, нашр кард, ки дар аз ҷумла гуфта мешавад, соҳибкор амр додааст, то фаъолияти интернети моҳвораии Starlink дар минтақаи Қрим маҳдуд шавад.
Дар шарҳи вазъ Маск дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки ӯ хоҳиш накардааст, ки чизеро ғайрифаъол кунад, зеро "минтақаҳои зикршудаи Starlink фаъол набуданд".
Ба гуфтаи ӯ, ӯ аз “ҳукумат” дархости изтирорӣ гирифтааст, то Starlink-ро дар тамоми роҳ то Севастопол фаъол созад, то "қисми зиёди флоти Русияро дар лангар ғарқ кунад".
"Агар ман ба ин дархост розӣ мешудам, SpaceX иштирокдори амалиёти бузурги ҷангӣ ва авҷ гирифтани низоъ мешуд", - хулоса кард миллиардер.
Тибқи иттилои CNN, Маск аз он нигарон буд, ки Русия метавонад дар посух ба "Перл Харбори хурд" бо силоҳи ҳастаӣ посух диҳад.
Гуфта мешуд, ки бар асари қатъ шудани Starlink, ҳавопаймоҳои бесарнишини зериобии Украина, ки бо маводи тарканда пур шуда буданд, "тамосро гум карданд ва ба соҳил партоб гардиданд".
Қаблан Маск изҳор дошта буд, иҷоза намедиҳад, ки моҳвораҳои Starlink барои ташдиди низоъ истифода шаванд, ки метавонад ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оварда расонад.
Starlink як шабакаи моҳвораии насли нав аст, ки барои таъмини дастрасии васеи интернет дар ҳама ҷои сайёраи Замин пешбинӣ шудааст.