ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Русия пешсафи мубориза барои ҷаҳони бисёқутбӣ буда, онҳое, ки ин нақшро эътироф мекунанд, барои хадамоти иктишофӣ кумак мекунанд.
Ин нуктаро мудири Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, Сергей Наришкин дар мусоҳиба бо маҷаллаи русии "Мудофиаи миллӣ" баён дошта, таъкид намудааст, ки ниҳоди тобеяш ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад.
Вай гуфт, ба онҳое такя мекунанд, ки аз нигоҳи идеологӣ ба Русия наздиканд ва роҳбарии онро дар талош барои ҷаҳони бисёрқутбӣ эътироф мекунанд.
"Бисёр одамони солимфикр, аз ҷумла дар кишварҳое, ки онҳоро дӯсти Русия номидан душвор аст, талош барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ бар принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарӣ ва эҳтироми мутақобилаи кишварҳо ва халқҳо, дар ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ эътироф мегардад", - афзуд Наришкин.
Ӯ афзуд, бисёриҳо хостори канорасозии бартарияти элитаи фаромиллӣ, мубориза бо терроризм на дар сухан, балки воқеӣ, мухолифи эҳёи сиёсат ва идеологияи нозӣ мебошанд.
Дар ин самт онҳое кам нестанд, ки аз ҷумла ба таври махфӣ ба Русия дар расидан ба ин аҳдоф кумак кунанд, таъкид намудаст Наришкин.