Аввалин мусобиқаи интихобӣ ба бозиҳои олимпӣ: аз Тоҷикистон кӣ меравад?

Аз миёни паҳлавонони кишварҳои ҷаҳон, ки дар панҷ вазн дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия зӯрозмоӣ мекунанд, панҷгонаи аввал ба Бозиҳои олимпии Париж роҳхат мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Аз 16 то 24 сентябр дар Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба куштӣ баргузор мешавад, ки аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, панҷ нафари беҳтарин дар ҳар вазн, ки дар маҷмуъ 24 вазн мебошанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим 6 нафар, аз ҷумла дар бахши куштии озод дар вазни то 65кг Абдулмаҷид Кудиев, то 70 кило Мустафо Ахмедов, дар вазни то 74 кг - Магомед Евлоев, то 79 кг - Шуҳрат Бозоров намояндагӣ мекунанд.
Дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ ду паҳлавони дигари тоҷик, аз ҷумла дар вазни то 60 кг - Асламҷон Азизов, дар вазни то 67 кг Фирӯз Мирзораҷабов зӯрозмоӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи дигари муҳим - Бозиҳои Осиёӣ аз 19 сентябр то 5 октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Чин баргузор мегарданд.
Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон маълум шуданд
Қайд карда шудааст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд дар намуди варзишии ҷудо 11 варзишгар намояндагӣ менамоянд.
Аз ҷумла бонувони варзишгари тоҷик - Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг), Мавлуда Одинаева (то 57 кг) ба ин мусобиқа мераванд.
Миёни мардон Тоиҷкистонро Меҳрзод Суфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг) ва дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов муаррифӣ хоҳанд кард.