Мубориза бо колои ҷаълӣ дар бозорҳои ИИАО баррасӣ мешавад

Дар Санкт-Петербург ҳамоиши байналмилалӣ барои баррасии роҳҳои ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз колои ҷаълӣ баррасӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен– Sputnik. Анҷумани XI байналмилалии "Зидди колои ҷаълӣ - 2023" рӯзҳои 5 - 6 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар буда, ҳадафи он ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз маҳсулоти қалбакӣ гуфта мешавад.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳамоиш ҷорӣ намудани механизмҳои муосири рақамӣ дар низомҳои тамғагузорию пайгирӣ баррасӣ мешавад.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони ИИАО, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои касбӣ ва соҳибкорон изҳори назару табодули таҷриба хоҳанд кард.
ИИАО нақлиёти барқиро рушд медиҳад
Вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бақитжан​​Сагинтаев, форуми зидди колои ҷаълӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаи ҳамгироии созмон мебошад.
Вай афзуд, чорабинӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахши соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ ба мушкилоти мубориза бар зидди колои ҷаълӣ мусоидат мекунад.
"Тамоюлҳои муосири истеҳсол ва тақсими маҳсулоти қалбакӣ, зарурати ҷустуҷӯ ва муҳокимаи воситаҳои нави самараноки мубориза бо ин зуҳуротро дар бозори умумии АвруОсиё талаб мекунад", - афзуд ӯ.
Комссияи иқтисодии АвруОсиё аз қавли ноиби сарвазири Русия, Денис Мантуров, овардааст, ки занҷираҳои нави таъминот, гардиши ширкатҳо ва брендҳо дар бозори истеъмолӣ муборизаро бо маҳсулоти қалбакӣ махсусан муҳим месозад.
"Ин ҳама ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ, рушди босуръати системаи тамғагузории рақамӣ ва пайгириро дар тамоми ИИАО талаб мекунанд. Чун анъана форум ба майдони асосии баҳс дар ин самт табдил хоҳад ёфт", - гуфт Мантуров.
Форуми зидди колои қалбакӣ як чорабинии солонаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки бо навбат дар кишвари роҳбарикунанда дар созмон гузаронда мешавад. Роҳбарии ИИАО дар соли 2023-ро Русия ба уҳда дорад.