ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз мешавад.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август ба имзо расонд.
Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.
Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.
Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки марҳилаи омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғиб намоянд.
Ҳамчунин, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.