Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъват шуд

Вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст, ки Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида даъватнома дарёфт кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шакли C5+1 даъватнома дарёфт кард, аммо то ҳол тасмим дар ин бора гирифта нашудааст, гуфт муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни нишасти хабарӣ.
“Дар мавриди мулоқоте, ки дар Иёлоти Муттаҳида дар назар аст, бале, мо даъватномаи дахлдор дарёфт кардем, ин масъала ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст, то ҳол дар ин бора тасмим гирифта нашудааст", - гуфт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзи 22 август Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи кишвар дар Душанбе бо Гари Питерс, раиси Кумитаи сенати ИМА дар умури амнияти миллӣ ва корҳои ҳукумат мулоқот кард.
ИМА барои мубориза бо расонаҳои Русия дар Тоҷикистон миллионҳо доллар харҷ мекунад
Тарафҳо зимни мулоқот муносибатҳои дуҷониба миёни ИМА ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 23 август хабар дод, ки зимни сафари оқои Петерс ба Қазоқистон раҳбари кишвар аз номи президенти ИМА Ҷо Байден барои иштирок дар нахустин нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъватнома гирифт.