Раҳмон ба 200 нафар мукофоти давлатӣ дод: Нависанда, шоир ва ҳунарпешаи халқӣ бештар шуд

Дар миёни мукофотгирифтаҳо кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, хизматрасонӣ, ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба кормандони касбу кори гуногун барои натиҷаҳои назаррас мукофот, унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ қадрдонӣ шуданд.
Манбаъ афзуд, аз ҷумла як нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Шоири халқӣ, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Генералҳои нав дар Тоҷикистон: Президент ба киҳо рутбаю мукофоти давлатӣ дод?
Ҳамчунин як нафарии дигар унвони фахрии Ҳофизи халқӣ ва Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистонро соҳиб шудаанд.
Дар баробари ин, 19 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоиста, 20 нафар бо унвони фахрии Корманди шоиста, 2 нафар бо орденҳои Спитамен дараҷаҳои I ва II, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 25 нафар бо медали Ҷасорат, 105 нафар бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардиданд.
Дафтари матбуот афзуд, ки 7 нафар бо медали Шафқат ва 11 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Ҳамчунин тибқи қарори комиссия ба 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 ҷоиза тақдим гардид.