ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ахиран дар ноҳияи Рашт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Дар чемпионат зиёда аз 200 ҷудокор аз тамоми манотиқи кишвар ширкат намуда, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ талош намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи якум ҷудокорон зери вазнҳои 60 кг, 66 кг, 73 кг ва рӯзи дуюм рақобатҳои вазни 81 кг, 90 кг , 100 кг ва зиёда аз 100 кг доир гардиданд.
Ноиби раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков дар саҳифаи иҷтимоиаш навиштааст, ки Федерацияи ҷудои кишвар аз аввали сол дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ дар роҳи ривоҷу равнақи ин намуди варзиш қадамҳои қатъӣ гузоштааст.
Вай афзуд, ки нахуст Чемпионат байни калонсолон дар Душанбе баргузор гардид, ки беҳтарин варзишгарони кишварро муайян кард. Сипас, дар фасли баҳор ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд рақобат карданду маҳорати баланд нишон доданд.
Эргаш Маҳмадбеков қайд кард, ки дар шаҳри Рашт сеюмин чорабинии муҳим – Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон баргузор гардид.
Вай қайд кардааст, ки ду коршиноси байналмилалӣ барои баҳодиҳии мустақил ва холисона ба ин мусобиқа даъват шуда буд, ки онҳо ҳамчун нозир баромад карданд.
“Даъвати коршиносони байналмилалӣ содиқ будани моро ба адолат ва эҳтиром ба арзишҳои варзишӣ нишон дод. Он инчунин ба натиҷаҳои мусобиқа эътимоди иловагӣ ба вуҷуд овард ва ҳамгироии чорабинии моро ба ҷаҳони дзюдо тақвият дод”, - гуфт Эргаш Маҳмадбеков.
Зикр кард, ки варзишгарони умедбахш интихобшуда заминаи ояндаи дастаи мунтахаби кишвар хоҳанд шуд, ки барои ширкат дар мусобиқоти мухталиф чӣ байни ҷавонон ва чӣ калонсолон омодагӣ мебинанд.
Оқои Маҳмадбеков афзуд, ки марҳилаи дигари муҳим дар ташаккули низоми муосири миллии дзюдо дар саросари кишвар ифтитоҳи намояндагиҳои Федератсия мебошад.