ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* Ҳаётуллоҳ Муҳоҷир Фароҳӣ дар нишасте дар вилояти Нангарҳори афзуд, ки аз расонаҳои инъикосдиҳанда ҳақоиқ ба сурати ҷаддӣ ҳимоят мекунем, аммо иҷоза намедиҳем матолиби хилофи арзишҳои исломӣ ва манофеи миллӣ дар расонаҳо мунташир шавад.
Вай ҳукумати толибонро низоми бархеста аз матн мардум хонд ва афзуд, ки бояд барои ҳифзу тақвияти ин низом ба таври муштарак кор кунанд, зеро аморати исломӣ бо қурбониҳо ва фидокориҳои зиёде бар сари кор омадааст.
Ин мақомдори ҳукумати толибон* дар ин нишаст инчунин гуфт, ки дар бист соли гузашта, ишғолгарон дар Афғонистон муртакиби ҷиноятҳои мухталиф шуданд ва акнун ҳам талош доранд то дар баробари низоми исломӣ, мавонеъи эҷод ва таблиғот кунанд.
Вай афзуд, ин масъуляти афғонҳост то дар канори низомашон истанд ва аз он ҳимоят кунанд.
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги толибон* аз барномарезии вазорати таҳсилоти олии толибон* барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи мутахассисон аз Афғонистон хабар дод ва изофа кард, ки неруҳои таҳсил карда ва мутахассис дар бахшҳои мухталифи низоми Иморати исломӣ ба кор гирифта хоҳанд шуд.
*- созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад