ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, сеюмин пирӯзиро ба даст овард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
“Дар даври чорум наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Узбекистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб оманданд”, - хабар додааст ФФТ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон (3:1) ва Қирғизистон (4:1)-ро мағлуб намуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2023 рӯзи 27-уми август тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи Эрон бозӣ менамояд.
Бозии мазкур соати 21:00 ба вақти маҳалӣ оғоз меёбад.
Вохӯриҳо то рӯзи сешанбеи 22 август идома хоҳанд кард.
Дар рӯзи охирини мусобиқот, яъне 27-уми август, бозиҳои Афғонистону Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.