ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Раҳбари ҳизби исломӣ Гулбудини Ҳикматиёр дар вокуниш ба манъи фаъолияти ҳизбҳо дар Афғонистон аз сӯйи гурӯҳ толибон* гуфтааст, ки ҳизбҳои исломӣ барои иттиҳоди миллат ва уммат як заруранд ва мухолифат бо онҳо роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвор месозад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Омоҷ”.
Ба иттилои манбаъ оқои Ҳикматиёр, ки ба давлати гузашта таслим шуд, дар платформи "икс" нигошта, ки ин ҳизбҳо сиёсӣ ва фикрӣ аст, ки аз ақвом миллат месозад ва аз миллатҳо уммат дунёшумул месозад.
Ҳикматёр афзудааст, ки ҳизбҳо ва миллатҳо ё бар асоси ормонҳои муқаддас эҷод мешавад ё ҳам бар асоси ормонҳои қавмӣ.
Ӯ таъкид кардааст, ки мухолифат бо ҳизбҳо роҳро барои танишҳои қавмӣ ҳамвор месозад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузаштаи вазири адлияи ҳукумати толибон гуфт, ташкили ҳизбҳои сиёсӣ "хилофи шаръ ва хости мардум"аст ва фаъолияти онҳо дар Афғонистон "мутлақан манъ" аст.
Абдулҳакими Шаръӣ, ки дар барномаи "ҳисобдиҳии давлат ба миллат" дар маркази расонаҳои толибон дар Кобул суҳбат мекард, гуфт: "таҷрибаи мо ва шумо собит карда, ки ҳар қадар, ки ин миллат табоҳ шуд, ягонаи иллаташ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ будааст".
Оқои Шаръӣ, ки аз афроди наздик ба Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон* аст, изофа кард: "ба ҳеҷ сурат ҷавози фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро намедиҳем ".
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад