Путин ба сарони БРИКС гуфт, низоми ҷаҳониро чӣ гуна дидан мехоҳад - видео

Раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви БРИКС аз низоми нави ҷаҳонӣ ва афзоиши саҳми кишварҳои созмон дар дунё баён дошт
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин аз ташаккули низоми боадолати ҷаҳонӣ бо эҳтироми ҳамаи кишварҳо гуфт.
Вай зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони БРИКС гуфт, Маскав хоҳони низоми бисёрқутбӣ бар асоси ҳуқуқҳои байналмилалӣ мебошад.
Путин панҷгонаи БРИКС-ро созмони боэътибор хонд, ки ҳиссааш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст.
Ӯ ҳамчунин аз ҳадафи амалиёти вижаи низомӣ гуфта, онро хотима додан ба низоъе хонд, ки мақомдорони Украина тайи 8 сол давом доданд. Ӯ гуфт, Маскав қарор кард, онҳоеро дастгирӣ намояд, ки мехоҳанд анъанаю фарҳангу забони худро ҳифз намоянд.
Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
Ҳамоиши БРИКС 22 август дар Йоҳаннесбург оғоз шуда, кори он 3 рӯз идома ёфта, 24 август ба поён мерасад. Ҳузурӣ Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.
Қаблан дипломати аршади Африқои Ҷанубӣ Налди Пандур гуфт, беш аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор карда, 23 кишвар расман дархости худро фиристодаанд.
Аргентина, Туркия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Сенегал, Алҷазоир, Эфиопия, Эрон ва Индонезия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман муроҷиат кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба ин созмон Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд.