Барои ҳар км беш аз 1 млн доллар: Оғози сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Суғд - видео

Дар вилояти Суғд ба тармиму навсозии шоҳроҳ миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом ба масофаи зиёда аз 50 километр оғоз намуданд
Sputnik
Дар масири Спитамен – Конибодом дар доираи навсозии роҳ сохтмони 11 пул бо дарозии умумии беш аз 444 метр ва 66 истгоҳи нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора муҳандис ва мушовири гуруҳи корӣ, Алишер Абдуллоев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иттилооъ дода, афзуд, ки дар маҷмуъ дар доираи ин барнома беш аз 50 километр роҳи миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом навсозӣ мегардад.
"Таҷдиди роҳ тибқи меъёрҳои замони муосир сурат гирифта, дар шафати роҳ 1894 адад аломати ҷилодиҳанда, равшаннамоии беруна ба дарозии 22, 2 км ва дигар корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст", - гуфт, Абдуллоев.
Замони анҷоми навсозии нақби "Истиқлол" маълум шуд
Ба иттилоъи манбаъ, корҳои навсозии роҳ дар чор минтақа, ки ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодомро убур мекунад амалӣ хоҳад шуд.
Аз ҷумла, таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии – 12,3 км, таҷдиди қитъаи Деҳмой – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарозии - 22 км, азнавсозии қитъаи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км ва азнавсозии қитъаи Конибодом - Кучкак бо дарозии беш аз 10 км дар назар аст.
Таъкид шуд, ки сохтмони роҳи қитъаҳои мазкур бо харҷи қариб 57 млн доллар сармояи хориҷӣ ба иҷро расонида хоҳад шуд.
Фаромишгари ин барнома худи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буда, пудратчии он ширкати чинӣ мебошад. Марҳилаи анҷоми ин лоиҳа моҳи марти соли 2026 гуфта мешавад.