ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Мақомдори вазорати фарҳанги толибон қории Муҳамад Юнуси Рошидӣ дар изҳороти тозае дар бораи забон форсӣ гуфт, ки “забони форсӣ забони илм аст ва рӯҳи як ҷомеъааст, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ”.
Вай афзуд, ки ба забони форсӣ ифтихор мекунад ва ба ин забон эҳтиром мегузорад.
Оқои Рошидӣ суханоне, ки пештар дар расонаҳо аз қавл ӯ дар бораи эҳтиёҷ надоштани Афғонистон ба забони форсӣ нақлшудабудро рад кард.
“Ин як таблиғот аст зеро баҳси ман дар Бомиён дар бораи аҳамият ва увлавияти улуми зарурӣ барои бозсозии Афғонистон буд”,- қайд кард вай.
Муовини вазири ҷавонони толибон* гуфт дар даврони талабагиаш бештарини китобҳое, ки ӯ хондааст, ба забони форсӣ буданд.
Аз ҷумла, ӯ дар бораи китоби Тӯҳфаи насаеҳ, Бӯстон ва Гулистони Саъдӣ ёд кард.
Қорӣ Рошидӣ таъкид кард, ки забони форсӣ забони илм ва дониш аст.
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиашон таҳти таҳримҳои СММ қарор доранд