Навори зӯрозмоии ҷудокори тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввали мусобиқаи Zagreb Grand Prix-2023 нашр гардид.
Бар асоси навори нашркардаи телевизиони "Варзиш", Маҷидов дар вазни то 90 кило бо Петер Сафрани аз Маҷористон ворид майдон шуд.
Дар аввал паҳлавони тоҷик огоҳӣ гирифт, дар охир талош намуд, ки бо усуле ҳарифашро шикаст диҳад, аммо ба охир расонда натавонист.
Дар натиҷа паҳлавони маҷористонӣ бо ипон дастболо гардиду ба даври баъдӣ роҳхат гирифт.
Ҳамин тариқ намояндаи дуюми Тоҷикистон низ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудокорон дар Хорватия дучори шикаст шуда, аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум шуд.
Рӯзи 18 август ҷудокори дигари тоҷик, Обид Ҷебов, ки даври аввалро дар Zagreb Grand Prix-2023 бо пирӯзӣ бар рақиби литвагияш Андрей Клоков оғоз намуда буд, дар даври дуюм аз паҳлавони ӯзбек, Муҳриддин Тилолов шикаст хӯрд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Ҷебов баъди шикаст аз ҳаққи идомаи сабқат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хорватия маҳрум шуд.