Сокинони шаҳри Хоруғ раисҷумҳурро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ки барои пазироии кишвардор аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод карданд.
Дафтари матбуот ёдовар шудааст, ки ҳар як ташрифи Президент ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тайи се рӯз аст, ки раисҷумҳури кишвар ба минтақаҳои гуногуни ВМКБ сафар дорад. Дар ин сафари худ кишвардори Тоҷикистон чандин иншооти гуногунро ифтитоҳ кард.