ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имзои як баста санадҳо, аз ҷумла Эъломияи ҷамъбастӣ, созишномаҳо дар соҳаи нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, таъкид намуд, ки Душанбе мизбони ду чорабинии муҳим мешавад.
Ӯ гуфт, вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе рӯзҳои 14-15 сентябр сурат мегиранд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ дида истода, бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари минтақа дар тамос мебошанд.
Вай зикр намуд, ки соли равон аз таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 30 сол пур мешавад ва ҳамоиш дар Душанбе, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷашнӣ мебошад.
Вазир илова намуд, ки дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чорабиниҳои канорӣ низ дар назаранд.
Дар феҳрасти чунин чорабиниҳо ӯ форумҳои иқтисодӣ, олимон, мулоқоти занони фаъол, барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи таомҳои миллии панҷ давлати минтақаро ном бурд.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ин ду мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими минбаъдаи раванди рушди ҳамкорӣ ва пойдории амнияту субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.