ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар II-юмин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Беларус 13 медал ба даст оварданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, дастаи Тоҷикистон ба Ватан як медали тилло меорад, ки онро муштзан Меҳроҷ Сӯфиҷонов дар вазни 48 кг сазовар шуд.
Се медали нуқраро муштзан Анӯшервон Фозилов (51 кг), ҷудокор Лоиқ Қутбиддинов, ва самбочӣ Убайдӣ Деваштич (79 кг) ба даст оварданд.
Илова бар ин, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Панҷ медалро муштзанҳо Ҳангома Исоева (57 кг), Бузургмеҳр Иқсанов (54 кг), Рустамҷон Ашӯров (67 кг), Акмалҷон Абдуллоев (86 кг) ва Руслан Федорин (92 кг) гирифтанд. Ҳамчунин, се медали дигарро гуштингирҳо Мустафо Аҳмадов (дар вазни 92 кг), Сомонҷон Икромов (79 кг), Асланҷон Азимов гирифтанд ва боз як медалро ҷудокор Мадина Қурбонзода соҳиб шуд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.
II-уми Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз 4 то 14 августи соли 2023 баргузор шуданд.
Мусобиқаҳо дар 11 шаҳри Белорус баргузор шуданд. Дар маҷмӯъ, дар рафти мусобиқа аз рӯи 20 намуди варзиш 246 маҷмӯи медалҳо бозӣ карда шуд.
Мунтахаби Русия бо касби 288 медал дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои аввал, Беларус - 236 медал дар ҷойи дувум ва Ӯзбакистон бо касби 105 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд.