Тоҷикистон стратегияи ҳифзи ҳуқуқи инсонро қабул кард - тафсилот

Санади қонунгузорӣ ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мусоидат хоҳад кард, қайд кард дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тасвиб шуд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки дар санад маҷмӯи тадбирҳо пешбинӣ шудааст, ки татбиқи онҳо то соли 2038 ба таҳким ва рушди озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат мекунад.
Ба иттилои манбаъ, стратегия аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, тавсияҳои муассисаҳои СММ, инчунин Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул шудааст.

"Ҳуҷҷат воситаи муассири татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ мебошад", - таъкид кард манбаъ.

Интизор меравад, ки ин санад ба ташаккули муносибати эҳтиромона нисбати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Имзои чанд қонуни муҳим аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон
Қаблан ҳукумати Тоҷикистон воридоти мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо манъ карда буд.
Ҳуҷҷат аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо мекунад. Дар чаҳорчӯби қарори ҳукумат, Хадамоти гумруки Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иҷрои ин қонунро назорат мекунад.