Давоми ёздаҳ соли охир, баъди оғози сохтмони корҳо дар НБО "Роғун"бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи мазкур 3211 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни муроҷиат ба кормандони нерӯгоҳи Роғун изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки қариб 15 000 нафар одамон кӯчонида шуданд ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат доранд ва нақшаи кӯчонидани тибқи ҷадвали пур намудани обанбори нерӯгоҳ идома дорад.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар натиҷаи корҳои амалигардида тибқи нақшаи чорабиниҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда имрӯз маркази ноҳияи Нуробод ба як шаҳри воқеан замонавӣ табдил ёфтааст.
Номбурда зикр кард, ки аз соли 2011 то 2022, аз ҷумла дар шаш моҳи соли 2023 дар маҳаллаҳои нави истиқоматӣ 119 иншооти инфрасохторӣ бунёд карда шудааст:
9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7 ҳазор ҷой:
8 утоқи тиббӣ бо 200 кат;
45 километр хатти оби нушокӣ;
103 километр хатти барқ;
124 километр роҳҳо;
боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ;
варзишгоҳ барои 5 хазор ҷой.
"Дар робита ба марҳила ба марҳила то ба баландии 1,1 ҳазор метр аз сатҳи баҳр боло рафтани сарбанд ва пур кардани обанбори нерӯгоҳи барқи обӣ нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021-2025 бомуваффақият иҷро шуда истодааст",- таъкид кард президент.
Илова бар ин, роҳбари ҷумҳурӣ қайд намуд, ки дар доираи сохтмони шоҳроҳи "Роғун-Обигарм-Нуробод" корҳои сохтмонии 11 километри шоҳроҳ идома доранд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сафари корӣ аз нерӯгоҳи Роғунро оғоз кард.
Сарвари давлат шоҳроҳи "Роғун-Обигарм-Нуробод"-ро аз назар гузаронд, бо лоиҳаи пайвастшавии роҳ аз Роғун ба НБО Шуроб шинос шуд.
Баъдан Эмомалӣ Раҳмон ба нақби рақами 17 рафт, ки дар он ҷо пармакунӣ ва гузоштани маводи гилхок ба анҷом мерасад.