Миллионҳо суд аз нигоҳдории миллиардҳо дар "Амонатбонк": пасандози аҳолӣ зиёд шудаст

Ҳаҷми пасандозе, ки шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон дар "Амонатбонк" нигоҳ медоранд, дар муқоиса бо соли қаблӣ 34% зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар "Амонатбонк" ба 4,9 млрд сомонӣ баробар шудаст, ки сеяк баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар ин бора раёсати "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки аҳолӣ бо нигоҳдории миллиардҳо дар бонки мазкур ба андозаи миллионҳо сомонӣ суд мегиранд.
Тоҷикистон бо 102 давлат савдо доштаст: Тавозун ҳамоно манфист
"Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи Бонк дар давраи ҳисоботӣ 39,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст", - таъкид намуд роҳбарияти "Амонатбонк".
Дар баробари ин бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба қариби 27 ҳазор муштарӣ ба андозаи беш аз 993 млн сомонӣ қарз додаст.
Ҳаҷми қарзҳои додаи "Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 12% зиёдтар мебошад.
Тавзеҳ дода шуд, ки бештари қарзҳои бонк барои соҳаҳои саноат - наздики 29%, кишоварзӣ - 28%, истеъмолӣ - 20%, сохтмон - 15%, тиҷорат - 8 % пешниҳод гардидаанд.
Фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 10 то 24 ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10%-и солона ҳисоб карда шудаст.