ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам паҳлавони ҷавони тоҷикро ахиран ба ҳузур пазируфт ва аз номи шаҳрдорӣ ва мардуми шаҳри Турсунзода барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон изҳори сипос кард.
Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр ба ӯ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим кард.
Ёдовар мешавем, ки Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта, ки рӯзҳои 1-ум то 7-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттањидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуда, дар вазни 56 кг миёни варзишгарони 46 давлати дунё унвони Чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.
Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза рақибони худро аз кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шикаст дода, дар финал варзишгари украиниро мағлуб кард ва сазовори ҷоизаи тиллоии Чемпионати ҷаҳон гардид.