То наёбем, мекобем: Назарзода дар бораи ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" гуфт

КҲФ ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҷустуҷӯи муовини раиси “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома дорад.
Вай гуфт, ки ҷустуҷӯи бедаракшудагон то пайдо шудани онҳо идома хоҳад ёфт.
“Наҷотдиҳандагон корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд", - таъкид кард Назарзода.
Раҳбари КҲФ қайд кард, ки ҷустуҷӯ метавонад чанд моҳ тӯл кашад, ба хусус агар дарёҳое, ки дар он корҳои ҷустуҷӯи анҷом дода мешавад, сатҳи об баланду лойолуд аст, ки кори наҷотдиҳандагонро метавонад мушкил созад.
Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ноиби раиси "Ориёнбонк"
Оқои Назарзода ҳамчунин гуфт, дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла дар ноҳияи Варзоб ва минтақаи аз Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷустуҷӯ идома дорад.
“Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти махсус, аз ҷумла бо кранҳои махсус обро аз боло ҷустуҷӯ мекунанд ва одамон ё мошинҳои гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд”, - қайд кард Рустам Назарзода.
Ёдовар мешавем, ки ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.