ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Геологҳои тоҷик на танҳо барои дарёфт намудани конҳои литий, балки дигар филизоти камёби замин ҳам кор карда истодаанд.
Дар ин бора сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Илҳом Оймуҳаммадзода изҳор дошт.
"Дар ҳоли ҳозир дар қисмати ҷанубии Помир аз ҷониби ин ниҳод корҳои иктишофии пешакии қитъаҳои дорои литий гузаронида шуда, захираҳои зиёди категорияи С2 мавҷуд аст", - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки лоиҳаи нав дар ин самт идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом "дар қисмати марказии Тоҷикистон, ки дар он минтақаҳои ояндадори филизоти нодири замин вуҷуд дорад, амалӣ хоҳад шуд".
Гузашта аз ин, Оймуҳаммадзода ёдовар шуд, ки ҷумҳурӣ аз ҷиҳати захираи сурма дар ҷаҳон пас аз Чин дар ҷои дуюм аст.
"Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад ҷои аввалро ишғол кунад", - итминон дод ӯ.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8 кони ояндадор мавҷуд аст.
Ба иттилои манбаъ, бо истифода аз маблағҳои буҷавӣ давоми нисм сл аз рўи 27 лоиҳа ба маблағи 6 млну 105ҳ 569 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология ба роҳ монд.
Ҳамчунин корҳои шартномавӣ аз рўи 149 лоиҳа ба маблағи беш аз 11,1млн сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85,3 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.