Вақт барои ИМА ба охир мерасад: Вашингтон дар ихтиёраш чанд моҳ дорад

Мо дар солҳои 90-ум не, ҳатто 2000 нестем. Амрикоиҳо дигар наметавонанд барои даҳсолаҳои ва ҳатто солҳо амал кунанд. Ҳоло гап дар сари чанд моҳ меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik, Ирина Алкснис. Рӯзи гузашта Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҷараени ҳамлаи ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро, ки барои Киев ва Ғарб хушоянд нест, шарҳ дода, гуфт, ки “он хело вазнин ҷараён дорад”, зеро “русҳо мудофиаи қавӣ доранд”.
Бо вуҷуди ин, ӯ дар бораи дурнамои Украина дар ҷабҳа изҳори хушбинӣ кард ва ҳамзамон иқрор шуд, ки "ин ҳама дар давоми як ё ҳафта ё дар ҳафтаи оянда хотима намеёбад". Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ба "чанд моҳ" умед мебандад.
Табиист, ки ин ҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд: агар қувваҳои мусаллаҳи Украина умеди амрикоиҳоро бароварданӣ накунаду он комилан фурӯ равад, он гоҳ чӣ мешавад? Ва чӣ интизор аст?
Ин масъала боз аз он сабаб доғ аст, тахмин мезанад сутуннигори РИА Новости, зеро Блинкен - аввалин шахсе нест, ки дар бораи "чанд моҳ" сухан меронад.
Дар саммити ахири НАТО дар Вилнюс низ аз ҷониби ашхоси гуногун гоҳе пӯшидаву гоҳе ошкоро изҳоротҳо садо доданд, ки Киев дастикам ҳамагӣ якчанд моҳ ё худ тирамоҳро дар ихтиёр дорад, то бар ивази сармоягузориҳои ғарбӣ аққалан ягон натиҷаҳое нишон диҳад
Амрико ягона роҳи наҷоти Украинаро гуфт
Ҷавоби хеле маъмул ба ин савол ин аст, ки ҳатто агар ҳамлаи ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украина пурра ноком шавад ҳам, ин ба мавқеи Ғарб, ки қартаи асосии худро дар ҷанг алайҳи Русия ба паллаи Украина гузоштааст, таъсири куллӣ намерасонад.
Аммо тарафдорони чунин нуқтаи назар, ки қартаи асосии зидирусиягии НАТО-ро комилан дақиқ баҳогузорӣ мекунанд, дар ҷанбаи дигари муҳимтар ба хатогӣ роҳ медиҳанд.
Ин метавонад дардовар ба назар расад, аммо Русия аслан ҳадафи асосии талошҳои геополитикии ИМА нест. Чин мавриди чунин ҳадафи ИМА қарор дорад – ва дар ин хусус дар тамоми стратегияҳои сиесати хориҷӣ ва ҳарбӣ-сиёсии Вашингтон возеҳ навишта шудааст.
Ва ин як ҳилла ё ягон пардаи дудӣ нест, балки воқеияти сангин аст, ки амрикоиҳо маҷбур мешаванд бо он сару кор дошта бошанд.
Дар асоси геополитика ҳамеша иқтисодиёт, мубориза барои бозорҳо, захираҳо, пешоҳангии технологӣ ва ғайра қарор дорад.
Чин, ки аввалин (е дуюм - вобаста ба усули ҳисоб) иқтисодиёти ҷаҳон гардид, ва ба дарди сари асосӣ барои ИМА табдил ёфт – ба дарди сари кишваре, ки барои наҷоти худ ба ҷуз аз буғӣ намудан ва ғарқ кардани рақиби хатарнокаш дигар роҳеро намебинад.
Сафири Русия гуф, Амрико дар ҳамлаи террористии Киев ба пули Қрим даст дошт
Гапи дигар ин аст, ки стратегҳои амрикоӣ комилан дуруст фикр карданд: то он даме, ки Маскав ҳимоягари Чин аст – Чин ҳам ба Русия дар мавриди муқовимат бо Ғарб фаъолона кӯмак мерасонад – шонси сар-ба сар бо Пекин шудан он қадар ҳам баланд нест. Маҳз барои ана ҳамин, зарбаи аввал ба мо зада шуд.
Ин ғоя дар соддагӣ ва нафосат беҳамто буд:амалан дар ҳама ҳолат Русия дар Украина банд мемонд.
Ва барои кишвари мо барои баромадан аз ин ҳолат на камтар аз даҳ роҳ ҳисоб карда шуд — аз фоҷиабор (бо шикасти низомӣ ва суқути давлатдорӣ) то гӯё ки пирӯзӣ (бо таҳти назорат гирифтани тамоми қаламрави Украина бо зарурати хӯронидани он, ки албатта, барои иқтисодиёт бори гаронтарин бояд мешуд).
Дар ҳама ҳолат, Русия бояд маҷбур мешуд, ки ба ҳалли мушкилоти дохилӣ диққат диҳад, ба сиёсати фаъоли хориҷӣ, аз рӯи ҳисоби онҳо, қувва ва захираҳояш бояд кифоягӣ намекард. Ва ин ақибгоҳи “луч” Чинро бояд дар бархӯрди мустақим бо ИМА ва иттифоқчиени онҳо бештар осебпазиртар мекард.
Аммо Маскав тавонист аз байни ду бало гузарад ва чунин шакли низоъро муайян кунад, ки акнун ба якборагӣ сармфаҳм рафтан душвор аст, ки кӣ дар Украина бештар банд аст - Русия ё Ғарб .
Албатта, бобати он, ки шонси кишвари мо барои муқовимат ба НАТО дар ҷанги тӯлонии ҳастаӣ чӣ гуна аст, баҳсу муҳокимаронӣ намудан мумкин аст. Аммо на танҳо НАТО, аниқтараш ИМА муҳимтарин "ҷузъ" - и чунин муноқишаро надоранд — вақт. Вақти онҳо гузарон аст ва хело зудгузар.
Дар Амрико 61 конгрессмен аз Байден талаб кард, ки қобилияти равонияшро санҷад
Ҳоло солҳои навадум, ҳатто дуҳазорум нест. Амрикоиҳо дигар наметавонанд ба худ иҷоза диҳанд ранги даҳсолаҳо пеш ва ҳатто соле пеш амал намоянд. Гап дар сари чанд моҳ меравад.
Раванди футурравии яккаҳукфармоии ИМА басо тез ҷараён дорад - ва бо ҳамин суръат сохторҳои байналхалқии бидуни назорати ИМА низ ба миён меоянд. Таназзули иқтисоди ғарбӣ ва нуфузи сиёсиаш бо суръате ҷараён дорад, ки онро, ба қавле, кӯр ҳам мебинад.
Чин босуръат ба пешомади ногузир омодагӣ мебинад - ба бархӯрд бо Ғарб. Зеро мантиқи раванди таърихӣ чунин равиш пайдо намудааст. Ва барои ин аз ҳар соатро барои “санҷиши маҳорат” бо Ғарб истифода мебарад ва қадри ҳар лаҳзаи ба таъхир гузошташударо медонад (масалан, барои фаъолона равон кардани сармояи худ ба қарзи давлатии амрикоӣ).
Ҳамин тариқ, ҳар моҳ, ҳафта ва ҳатто рӯзи тамарқуз ба масъалаҳои аз нигоҳи ҳарбӣ-сиёсӣ дуюмдараҷа ва дар самти Украина – аз нуқтаи назари стратегӣ – зарфиятро барои фронти асосӣ барои ИМА, ки Чин аст, бадтар месозад.
Ҳоло амрикоиҳо ноумедона кӯшиш доранд, ки бо вақти гаронбаҳои худ савдо кунанд – тасодуфӣ нест, ки ба Пекин меҳмонони баландмақом яке аз паи дигаре ташриф меоранд (Генри Киссинджер дар ин силсила ҳафтаи гузашта меҳмони навбатӣ буд, аммо ба гумон, ки - охирин ).
Ихтилофи толибҳо ва Амрико дар мавриди ҳузури ДОИШ* дар Афғонистон
Аммо, ин ҳама ба таври куллӣ ҳеҷ чизро тағйир дода наметавонад – ба наздикӣ ба ИМА лозим меояд, ки дар бораи баромадан аз лоиҳаи украинӣ қарор қабул намояд.
Барои иштирок дар ду низоъи бузург ИМА захира надоранд, ва онҳо ба худ иҷозаи ором гузоштани Чинро ҳам дода наметавонанд , зеро дар ин сурат онҳо худро ба суқути геополитикӣ маҳкум месозанд.
Бешубҳа, амрикоиҳо кӯшиш менамоянд, ки Украинаро он сон тарк гӯяд, ки Русияро бо мушкилоти аз ҳад беҳад зиёд гузоранд ва худашон, то он ҷое, ки миконият даст медиҳад - обрӯяшонро нигоҳ доранд. Аммо равона намудани ҳамаи диқаташон ба амалҳои осиёгӣ барои ИМА ҳаётан муҳим аст. Барои ин дар ихтиёрашон ҳамагӣ якчанд моҳ доранд.