Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ноиби раиси "Ориёнбонк"

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамарӯза аз минтақаи Варзоб ва Зарафшон корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҷустуҷӯи ҷасади муовини роҳбари "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев дар дарё идома дорад, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, корҳои ҷустуҷӯӣ як моҳ боз идома дорад.
"Ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 19:00-и бегоҳ наҷотдиҳандагон ба корҳои ҷустуҷӯӣ машғул мешаванд", - гуфт мусоҳиб аз Кумита.
Манбаъ афзуд, ки кормандони хадамоти марказии наҷот дар минтақаи Варзоб ва наҷотдиҳандагон дар минтақаи Зарафшон, аз ноҳияи Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷустуҷӯро идома диҳанд. Ба иттилои КҲФ, дар корҳои ҷустуҷӯӣ аз техникаи махсус истифода мешавад.
Барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард
ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.