Вазири хориҷаи толибҳо: Ҳукумати мо фарогир аст

Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо ахиран зимни як суханрониаш ҳукумати феълии Афғонистонро фарогир аз ҳукуматҳо донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ ахиран дар суханоне муддаӣ шуд, ки ин ҳукумати ҳамашумул ва фарогир аст аз ин рӯ интиқод аз ин ҳукумат ҷоиз нест, иттилоъ додааст “Парс Тодей”.
Муттақӣ ҳамчунин афзуд, ки бо вуҷуди таҳримҳо вазъияти иқтисодии Афғонистон хуб аст.
“Тамоми тасомим ва файсалаҳо дар Афғонистони мустақил ва бидуни мудохилаи дигарон гирифта мешавад, мо машвараи ҳамаро мешунавем аммо мустақил тасмим мегирем”, - афзуд вай.
Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо ҳамчунин ахиран гуфт, бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ки бо ин гурӯҳи таъомул манфӣ доштанд, акнун ба сӯйи таъомули мусбат ҳаракат мекунанд.
Заминҷунбии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Ёдовар мешавем, чанде раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул роҳи таъмини суботу оромӣ дар Афғонистон аст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон ташаккули ҳукумати воқеан ҳамашумул бо иштироки тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсии дар ин кишвар аст.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.