ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Истиқлол" зӯрозмоӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - AFC-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаст.
Ин нуктаро сармураббии даста, Игор Черевченко таъкид карда, афзуд, ки дар Тоҷикистон рақиби ҷиддӣ барои ин тими Душанбе вуҷуд надорад.
"Ҳарифон мисли бори охирин ба бозӣ мераванд. Онҳо метавонанд бо ҳисоби 1:0 аз мо мағлуб шаванду шодӣ кунанд. "Истиқлол" барои бисёриҳо мисли матои сурх аст", - гуфт ӯ дар суҳбат бо BobSoccer.
Дар зимн Черевченко муҳаббати калон нисбат ба футбол дар байни варзишкорони маҳаллиро таъкид кард, ки майлу хоҳоиши инкишофи касбӣ доранд.
"Фикр мекунам, ки бисёриҳо дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки дертар ба ҷое, ба Аврупову Осиё раванд. Маош дар ин ҷо ҳатто дар муқоиса бо лигаи якум ё дуюми Русия хеле пасттар аст. Ҳатто дар муқоиса бо Ӯзбекистони ҳамсоя то дараҷае камтар аст", - гуфт мураббӣ.
Маврид ба зикр аст, ки Черевченко собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, аввали соли равон ба ҳайси сармураббӣ ба дастаи "Истиқлол" пайваст.
Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.
Вай дар яке аз суҳбатҳои аввалинаш изҳор дошта буд, ин таъйинотро ҳамчун қарз ва чолиш қабул мекунад.