Роҳбари ширкати сохтмонӣ дар исрофи пули давлат муттаҳам мешавад

Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон роҳбари як ширкати сохтмониро дар расондани зарар ба давлат муттаҳам мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Мудири ширкати "Аҳмад Сохтмон" дар азхудкунии пули давлат дар ҳаҷми калон айбдор мешавад.
Ба иттилои Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муттаҳам дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даст ба фасодкорӣ задаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мудир дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272 ҳазор сомониро барзиёд нишон додаст.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам дар фасодкорӣ маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид.
ВКД дар Шаҳритус ду мансабдорро бо пора дастгир кард: тафсилот
Ожонсӣ мегӯяд, парванда алайҳи муттаҳам барои истрофкорию азхудкунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Назари худи муттаҳам дар бораи ин парванда феълан маълум нест.
Пештар ин ниҳод аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи тандурустии кишвар гузориш дода буд.
Зикр гардид, ки муҳосиби музди меҳнати Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ ва муҳосиби молии муассисаи мазкур аз ваколатҳои мансабияшон сӯиистифода карда, ба давлат дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ зиён расондаанд.