Мушкилоти марзӣ - меҳвари музокироти мақомоти толибон ва Ӯзбекистон

Вазири умури марзбонӣ ва ақвоми толибон* дар сафар ба Ӯзбекистон бо мақомоти ин кишвар дар хусуси умури марз гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар пайи музокироти мақомоти феълии Афғонистон бо марзбонони Ӯзбекистон, намояндагони гурӯҳи толибон* ба Тошканд қавл доданд, ки ба амният дар марзи муштарак таҳдид намекунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Khaama Press”, як ҳайат аз Раёсати марзбонӣ ва ақвоми Афғонистон бо ҳамтоёни ӯзбеки худ дидору гуфтугӯ карданд.
Дар музокирот тарафҳо ба масоили марзӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни музокирот намояндагони толибҳо мушкилоти сокинони маҳаллии муқими сарҳадро эътироф карданд.
Ба хотири рафъи нигарониҳои Ӯзбакистон, мақомоти толибҳо ваъда доданд, ки аз истифодаи гурӯҳҳои шӯришӣ аз қаламрави Афғонистон барои ҳамла ба Узбакистон ҷилавгирӣ мекунанд.
Толибҳо: нигаронии амниятӣ дар бораи Афғонистон бе асос аст
Бояд гуфт, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Афғонистонро як макони эҳтимолии терроризм дар Осиёи Марказӣ медонад.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз рӯйдодҳои 5 июли соли 2022, зарбаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба хоки Ӯзбекистон ба минтақаи Тирмизро ёдрас шуд.
Ҳамла бо панҷ мушак сурат гирифт, ки дар натиҷа ба биноҳои истиқоматӣ осеб расонида буд.
Илова бар ин, рӯзи 21 август нерӯҳои афғон ҷазираи Арал Пайғамбари Ӯзбекистонро, ки дар вилояти Сурхондарё дар қад-қад рӯди Амударё воқеъ аст, ишғол карданд.
Дар посух, марзбонони Узбакистон амалиёти безараргардонии "ишғолгарон"-ро оғоз карданд, ки тибқи гузориши расмӣ, онҳо марзро ба хотири решаи “ширинбаён” убур карда будонд.