ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҷумҳурии исломии Эрон 4 июл, дар рӯзи истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико узвияти комили Созмони ҳамкории Шонгҳойро ба даст меорад.
Ҳамчунин коршиносон ин иттифоқро ба сафари раиси Кунгураи Амрико, Нэнси Пэлоси, ки бар хилофи ризоияти Чин ба Тайван сафар карда буд, низ рабт медиҳанд.
Коршиноси аршади умури минтақа, Абдулғанӣ Маҳмадазимов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, интихоби 4 июл барои узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой тасодуфӣ нест, балки як “армуғони ғайримунтазира”-и Русияву Чин ба рақиби стратегиашон Амрико аст.
“Сафари Нэнси Пэлоси ба Тайван, ки бар хилофи норизоиятии Чин анҷом гирифт, як гуна кам овардани ин қудрати шарқӣ дар ҷаҳон буд. Зоҳиран, қабул кардани Эрон дар рӯзи истиқлоли Амрико ба Созмони ҳамкории Шонгҳой барои Чин ин беэҳтиромиро ҷуброн мекунад”, - гуфт коршинос.
Вай афзуд, қабули Эрон ба СҲШ далели барҷастаи тағйири муҳосибаҳои геополитикӣ дар минтақаву ҷаҳон аст ва мавқеи Русияву Чин дар рақобат бо Амрикову НАТО-ро тақвият медиҳад.
“Дар гузаштаи начандон дур Маскаву Пекин дар қабули Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой эҳтиёткорӣ мекарданд, аммо аз замоне, ки ихтилофи онҳо бо Вашингтон барҷаста шуд, ин раванд суръат пайдо кард ва ҳоло қарор аст Эрон ба як узви тамомайёри ин созмон табдил ёбад”, - гуфт коршинос.
Эрон ҳанӯз дар оғози солҳои 2000 аввалин гомҳояшро барои узвият дар СҲШ бардошта, соли 2005 бо иттифоқи Ҳинду Покистон мақоми нозириро ба даст оварда буд.
Ҳинду Покистон 9 июни 2017 ба узвияти созмон пазируфта шуданд, аммо фақат 17 сентябри 2021 раванди пазириши Эрон ба СҲШ оғоз шуд ва дар сентябри 2022 ёддошти пайвастан ба онро имзо кард.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, қабули Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой кишварҳои олами арабро низ безобита карда, онҳо низ пушти дари ин созмон навбат гирифтаанд ва ин ба он маъност, ки ҷуғрофиёи он аз шимол ба ҷануби Авруосиё густариш меёбад.
Чин дар як иқдом Эрону Арабистони Саудӣ, ду пешвои олами исломро, ки асрҳо ба ин сӯ дар ихтилоф ба сар мебаранд, оштӣ дод ва роҳи узвияти Саудиро, ки ҳоло мақоми шарики муколамаро дорад, ба созмон ҳамвор кард, изҳор дошт Маҳмадазазимов.
"Кувайту Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки ба шумули Саудӣ, ҳамкорони суннатии Амрико ба ҳисоб мерафтанд, ҳоло барои гирифтани мақоми шарики муколама дархост додаанд. Ҳатто Туркия, ки узви НАТО аст, мақоми шарики муколама дар СҲШ-ро ба даст овардааст”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ин ҳама далели он аст, ки ҷаҳон воқеан дар як масири чандқутбӣ шудан равон аст ва кишварҳои Авруосиё аз киштии дар ҳоли ғарқ шудани Амрико худро берун мекашанд.
Ҳарчанд мегӯянд, ки СҲШ як блоки низомӣ, назири НАТО нест ва фақат “се шарр” - терроризм, сепаратизм, экстремизм – ро ҳадаф гирифта, қочоқи маводи мухаддир низ бар онҳо афзуда мешавад, коршинос эҳтимоли тағйирот дар афзалиятҳоро мебинад.
"Ташдиди рӯёрӯиҳо бо Амрико ва НАТО дар Украинаву Тайван ва қабули Эрон – рақиби сарсахти Амрикову Ғарб дар олами ислом - нишон медиҳад, ки эҳтимоли тағйир ёфтани афзалиятҳои созмон зиёд аст", - изҳор дошт Маҳмадазимов.
Вай афзуд, бо узвияти Эрон дар СҲШ амалан пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон, ки соли 2022 дар яке аз ҷаласаҳои сарони Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) садо дода буд, таҳаққуқ пайдо мекунад.
Ин ба он маъност, ки ниҳоят ба Афғонистон низ сулҳу суботи доимӣ бармегардад, гуфт таҳлилгар.
"Аммо як мушкил Покистон боқӣ мемонад, ки ҳарчанд узви СҲШ аст, аммо то ҷое таҳти нуфузи Амрикову Инглис низ қарор дорад. Покистонро, ки бо мушкили шадиди иқтисодӣ ва амниятӣ мувоҷеҳ аст, фақат СҲШ наҷот медиҳад. Амрикову Ғарб мушкили Покистонро наметавонанд ҳал кунанд”, - афзуд Маҳмадазимов.
Ин коршинос мегӯяд, берун омадани Покистон аз зери нуфузи Амрикову Инглис ҳам поёни ҳузури чандсадсолаи ин ду дар минтақа ва ҳам оғози як давраи ҷадид дар қораи Авруосиё хоҳад буд.
“Вақте Покистон ҳамчун “маркази шарорат” аз миён рафт ва Афғонистон комилан дар иҳотаи СҲШ қарор гирифт, ин кишварҳо беш аз пеш ба як Афғонистони амну осоишта манфиатдор хоҳанд шуд”, - гуфт Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
Иҷлоси 23 – юми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой 4 июли 2023 ба сурати маҷозӣ ва бори аввал таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор мешавад.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки дар ин нишаст узвияти комили Эрон ба расмият дароварда мешавад ва дар бораи пайвастани Белорус низ як ёддошт имзо хоҳад шуд.