Дар Душанбе ҷасади ҷавони ғарқшуда пайдо шуд: шарҳи КҲФ

Шиноварӣ танҳо дар обанборҳое, ки наҷотдиҳандагон ва ғаввосҳо хидмат мекунанд, иҷозат дода мешавад, бори дигар дар КҲФ Тоҷикистон ёдовар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Душанбе ҷасади ҷавони ғарқшуда пайдо шуд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ҷавон ҳангоми гузаштан аз тарафи чап ба соҳили рости рӯдхонаи "Душанбе" рӯи аз тариқи қатори бетонҳо ба дарё сарнагун шудааст.
Ҳамин тавр, дар робита ба боло рафтани сатҳи об дар обанборҳо ҷасади сокини 18-солаи Душанберо наҷотдиҳандагон пайдо кардаанд.
Таъкид мешавад, ки ҷисми марҳум аллакай ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Кумита хотиррасон мекунад, ки шиноварӣ танҳо дар ҷойҳое иҷозат дода мешавад, ки наҷотдиҳандагон ва ғаввосҳо хидмат мекунанд.
Дар Тоҷикистон омори ғарқшудагон ошкор шуд
Қаблан ин ниҳод дар соҳили рӯду обанборҳои кишвар рейд анҷом дода буд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи як рӯзи ахир дар мавзеъҳои фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷумла, дар кулҳои Ҷавонон, Чорбоғ-1 ва Чорбоғ-2 чорабиниҳо баргузор шуданд.
Наҷотдиҳандагон мавҷудияти деворҳо ва аломатҳои огоҳкунанда, мавҷудияти таҷҳизоти наҷот ва ёрии тиббиро тафтиш карданд.
Илова бар ин, чунин рейдҳо дар вилояти Суғд дар соҳилҳои обанбори баҳри Тоҷик ва дарёи Сир дар Хуҷанд сурат гирифтаанд.
Дар рафти рейдҳо наҷотдиҳандагон бо наврасон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, ба волидон хотиррасон намуданд, ки бе назорат мондани кӯдакон тибқи қонун муҷозот дорад.
Инчунин, кормандони шӯъба бо истироҳаткунандагон дар ҷойҳое, ки оббозӣ мамнӯъ аст, сӯҳбатҳои профилактикиро идома дода, варақаҳо оид ба қоидаҳои рафтор дар об ва расонидани ёрии аввалин ба шахси ғарқшуда тақсим мекунанд.