ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол, Петр Сегрт метавонад барканор шавад.
Пас аз иштироки номуваффақ дар мусобиқаи CAFA, ФФТ эҳтимоли видоъ бо мураббии тими миллиро баррасӣ дорад, иттилоъ доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, шуморе аз номзадҳо ба ин мақом баррасӣ мешаванд, ки дар байни онҳо Виталий Левченко ҳам аст. Таъкид шудааст, ки мутахассис масъалаи қатъи шартнома бо "Нефтчӣ"-и Ӯзбекистонро баррасӣ мекунад. Вазъи бади молиявии "Нефтчӣ" низ метавонад боиси рафтани мутахассис гардад.
Шартномаи Виталий Левченко бо "Нефтчӣ" то охири мавсими соли 2023 дар назар дошта шудааст. Тими Фарғона бо раҳбарии ӯ феълан дар Суперлига дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Худи Виталий Левченко сару садоҳо дар бораи таъйин шуданаш ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро шарҳ дод.
"Мураббии тими мунтахаби кишвар будан, пурнуфуз аст, аммо дар бораи вазъият ва овозаҳое, ки ҳоло ҳастанд, шарҳ додан, дуруст нест. Феълан дастаи мунтахаби кишвар мураббӣ дорад, ки бо ФФТ шартнома бастааст", - изҳор дошт ӯ.
Левченко афзуд, ки тартибу одоби мураббиҳо низ мавҷуд аст, ки вай ҳуқуқи маънавии вайрон кардани онро надорад.
"Чӣ тавре ки дар футбол мегӯянд: ба ҷои ҳассос зер набояд кард, ки дар корат баракат нахоҳад буд", - гуфт яке аз номзадҳои эҳтимолӣ.
Гузинаи аслии дигар - Игор Черевченко аз тими "Истиқлол"-и Душанбе ном бурда мешавад. Гуфта мешавад, ки масъалаи даъват ба тими миллии Тоҷикистон бо ҳарду мураббӣ фаъолона баррасӣ шуда истодааст, вале то ҳол бо касе тавофуқи мушаххасе ҳосил нашудааст.
Ҷомеаи футболи Тоҷикистон низ дар бораи истеъфои қарибулвуқӯъи Петр Сегрт ҳарф мезананд. Ин баҳсҳо баъди бохт аз тими миллии Ӯзбекистон бо хисоби 1:5 авҷ гирифтанд. Ҳамзамон худи мутахассиси хорватӣ низ масъулияти ин натиҷаро пурра ба дӯш гирифт.
"Дарвоқеъ, худи Сегрт аз натиҷаҳои тими миллӣ хеле нигарон аст. Дар бораи истеъфои ӯ низ ҳарф мезананд, ин ба ӯ таъсир нагузошта наметавонад. Аммо дар баробари ин бояд гуфт, ки футболбозони тоҷик ба бозӣ бо Ӯзбекистон хаста ворид шуданд, аз ҷиҳати эҳсосотӣ омода набуданд", - гуфт мусоҳиб.
Ӯ зикр намуд, ки Сегрт ин дастаро ба Ҷоми Осиё овард ва шояд ба ӯ боз як фурсати дигар дода шавад. Дар ҳар сурат тасмими ниҳоиро роҳбарияти ФФТ қабул мекунад, афзуд вай.
Мутахассиси хорватӣ аввали соли 2022 мураббӣ таъйин шуда буд. Ёдовар мешавем, ки дар сабқати гурӯҳии CAFA Nation's Cup-2023 тими Тоҷикистон бо ду имтиёз дар ҷои севум дар ҷадвал қарор дошт.