Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023" оғоз шуд.
Дар чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳузур дорад.
Гуфта мешавад, ки Намоишгоҳи байналмилалӣ бо ҳадафи ҷалби сармоя ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ ва шарикони рушд ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар баргузор мешавад.
Ҳамин тариқ, Андрей Варламов, консули генералии Русия дар Хуҷанд, мавқеъи Федератсияи Русияро дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳо бо вилояти Суғд ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон таъкид кард.
"Ба таври рекордӣ, аз Русияро ба ин намоишгоҳ намояндагони 30 ширкат аз 16 минтақа ташриф овардаанд", - гуфт ӯ.