Сокинони деҳаи Сори Панҷакент бо ҳашар пуле сохтанд, ки онро сел хароб карда буд

Мақомот мегӯяд дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент корҳои зиёди ободониро тарҳрезӣ карда, ҳоло аз паи иҷрои онҳо ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Ахиран раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳангоми сафари корӣ ба деҳаи Сор пули навро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ин пулро, ки дар роҳи Моғиён – Фароб воқеъ аст ва ба асари сел хароб шуда буд, сокинони деҳа бо сарварии Ҷаҳон Хуҷмаҳмадов аз нав сохтанд.
“Дар маросими ифтитоҳи пул раиси шаҳр барои ин иқдоми шоиста ба сокинони деҳа изҳори сипос намуд ва бо бачаҳои деҳа, ки ба тамошои маросими ифтитоҳи пул омада буданд, сӯҳбат кард”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз ин пештар сокинони деҳаи Пули гирдоб низ бо ташаббуси фаъоли деҳа Илҳом Бурҳонов аз тариқи ҳашар дар роҳи байни деҳа пул сохта буданд.
Мақомоти Панҷакент ба кормандони давлатӣ барои кишти картошкаву сабзавот замин дод
Ҳамзамон ҷавонони деҳаи Пушти Қурғони Панҷакент иқдом гирифтаанд, ки дар замини соҳили дарёи Моғиён варзишгоҳи замонавӣ бунёд намоянд.
Раиси шаҳр бо ташаббускорони он сӯҳбат намуда, изҳор дошт, ки мақомоти шаҳр дар бунёди он саҳм мегузорад.