ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатие, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд, бо шаҳрвандони Русия рақобат намекунанд.
Дар ин бора Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия зимни иҷлосияи "Муҳоҷирати оқилона: чӣ гуна бояд мушкилоти бозори меҳнат ва демографияро бидуни барангехтани низоъ дар ҷомеа ҳал кард" дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Меҳнати муҳоҷирон асосан барои корҳои пасти тахассусӣ ва ҳамчунин дар саноат ва сохтмон, ки талабот ба коргарон зиёд аст ва хориҷиён бо русҳо рақобат намекунанд, истифода мешавад", - афзуд намояндаи Вазорати меҳнат.
Вай қайд кард, ки таносуби корҷӯён ба ҷойҳои холӣ дар саноати истеҳсолӣ зиёд буда, талабот ба коргарони соҳаи сохтмон низ зиёд аст.
"Коргарони хориҷие, ки дар ин соҳа ҷалб шудаанд, бо шаҳрвандони Русия рақобат намекунанд ва ба мо имкон медиҳанд, ки мушкилот, аз ҷумла мушкилоти барои иқтисод заруриро ҳал кунем", - гуфт Мухтиярова.
Дар ҳамин ҳол, муовини вазир афзуд, бояд механизмҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ таҳия карда шаванд.
Қаблан раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев қайд карда буд, ки сиёсати муҳоҷират дар робита ба вуруд ба қаламрави Русия бояд сахттарбошад. Барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ квотаҳои оқилона ва интихоби қатъии коргарон зарур аст.