ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Сӯхтори густурдаи ҷангал дар вилояти Абайи Қазоқистон ҷони 14 коргари мамнӯъгоҳи "Семей Ормани"-ро гирифт.
Президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар атрофи манотиқи зарардида парвоз карда, бо оилаҳо ва наздикони қурбониён мулоқот кард.
"Онҳое, ки дар ин фоҷеа гунаҳкоранд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд", - ваъда дод Тоқаев ва афзуд, ки 12 июн дар кишвар рӯзи мотами миллӣ эълон мекунад.
Президенти Қазоқистон инчунин аз наздикони ҳалокшудаҳо узр хосту афзуд, ҳеч далеле барои сафедкунӣ ҷой надорад.
"Ҳама гуна кӯмак расонида мешавад - хоҳ кумаки молӣ бошад ва хоҳ дигар, Ҳар чизе ки шумо мегӯед, ҳама чизи даркорӣ расонда мешавад. Барои ҳодисаи рухдода бахшиш мепурсам. Ман мефаҳмам, ки ин хеле мушкил аст", - гуфт президент.
Майдони умумии сӯхтор беш аз 60 ҳазор гектарро ташкил додааст. Ба хомӯш кардани алангаи оташ 11 чархбол, 237 техника ва беш аз ҳазор нафар ҷалб шудаанд.
Дар пасманзари ин вазъ Тоқаев сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишварро иваз кард.
Сӯхтор дар хоҷагии ҷангали Батпаевский, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 8-уми июн баъд аз зарбаи барқ оғоз шуд. Мутахассисон онро зуд хомуш карда натавонистанд, зеро минтақа барои гузаштани мошинҳо имкон намедод.
Хомушкуниро ҳарорати баланд, майдони калони сӯхтор ва вазиши шамол душвор мегардонад.