ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии "Ҷоми кишварҳои Араб - 2023" аз тими Либия шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ бо ҳисоби 2:1 бар нафӣ тими Либия анҷом ёфт. Голи ягонаро Файзалӣ Сардоров ба дарвозаи ҳарифони либиягӣ зад.
Манбаъ афзуд, дар даври баъдӣ шогирдони Пайрав Воҳидов бо тими миллии Арабистони Саудӣ, ки қаблан бо футзалбозони Алҷазоир мусовӣ бозӣ карда буд, вомехӯранд. Ин бозӣ 8 июн баргузор мешавад.
Аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба плей-офф ва инчунин 2 дастаи беҳтарин аз миёни онҳое, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, ҷуфтҳои чорякфиналиро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки мусобиқоти интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024-ро мизбонӣ мекунад.
Ҳамчунин дар Ӯзбекистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон, Таиланд ва Қирғизистон бозиҳо баргузор мешаванд. Мусобиқаи интихобӣ аз 7 то 11 октябр дар назар аст.