Лавров: ИМА аз ДОИШ* ва Ал-Қоида* дар Афғонистон фаъолона пуштибонӣ мекунад

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Русия, Амрико бо ин роҳ талош дорад аз минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷабҳа дар муқобила бо Русия истифода кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Иёлоти Муттадида барои пешгирӣ кардани муътадилшавии вазъият дар Афғонистон саъю кӯшиш доранд.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни суханронӣ дар пойгоҳи 201-уми Русия ҳангоми сафараш ба Душанбе изҳор дошт.
Ба ақидаи ӯ, бо ин роҳ Осиёи Миёнаро дар муқобила бо Русия ҳамчун ҷабҳа истифода карданист.

"Ғарб пайваста самтҳои иловагиро меҷӯяд, ки бо он Русияро ба хашм оварад, ҷабҳаҳои "дувум" ва "сеюм" боз кунад. Яке аз ин "ҷабҳаҳо" дар баробари Закавказ эълон шудааст, то кунун паси парда, аммо ҳама медонанд, Осиёи Марказист, ки пас аз фирори эътилоф ба истилоҳ дар Афғонистон воқеаҳои хеле душвор рух медиҳанд", - гуфт ӯ.

Вай қайд кард, ки сафири ИМА дар Тоҷикистон ахиран изҳор дошт, ки Амрико аз нерӯҳои зидди Толибон* пуштибонӣ кардан намехоҳад ва ба тамоми мардуми Афғонистон таманно дорад, ки ба созиш бирасанд ва мушкилоти амиқи аз ишғоли сисола меросмондаро аз байн баранд.
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
"Инҳо, агар нармтар карда гӯем, изҳороти бардурӯғанд. Маълум аст, ки ИМА ҳам аз ДОИШ* (ДИИШ, "Давлати исломӣ", созмони террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ), ки дар Афғонистон боқӣ мондаанд ва ҳам аз Ал-Қоида* ва дигар сохторҳои марбут ба онҳо дар Афғонистон фаъолона пуштибонӣ мекунад", - афзуд Лавров.
Ба гуфтаи вай, дар Афғонистон вазъи нооромие боқӣ мемонад, ки ба манфиати Иёлоти Муттаҳида аст.
Вазири Русия гуфт, Амрико бо ин роҳ талош дорад, ки "оби лой кардаву сипас дар он моҳӣ сайд кунад, дубора ба ин ҷо ворид шавад ва аз зиндагии худ ба кишварҳои минтақа монеъ шавад".
* - ташкилотҳои террористӣ, ки фаъолияташ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон манъ карда шудааст