Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба муносибати 50-умин солгарди Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ин мусобиқа аз 2 то 4 июн идома меёбад.Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 43 кишвари олам иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи "Гран При Душанбе-2023" 2 медал - яке тило дар вазни 66 кило ва дигаре биринҷӣ дар вазни то 60 килоро соҳиб шуд.
Медали тилоро Обид Ҷебов ва биринҷиро Меҳрзод Суфиев ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.