Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия ба иншооти низоми дифои фазои Украина

Вазорати мудофиаи Русия натиҷаи амали нерӯҳои кишвар дар минтақаи амалиёти вижаи низомиро баён дошта, талафоти ҷониби Украинаро эълон намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия ба системаҳои дифои ҳавоӣ, ки иншооти зерсохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ҳимоя мекарданд, зарба заданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки ҳамаи ҳадафҳои таъйиншуда нобуд карда шуданд.
"Нерӯҳои ҳавоии Русия як зарбаи гурӯҳӣ бо аслиҳаи дурпарвози дақиқи ҳавоӣ ба системаҳои дифоъи ҳавоии душман, ки иншооти муҳими инфрасохтори низомии Украинаро фаро гирифта буданд, зарба заданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин зикр шуд, ки нерӯҳои вижаи "Ахмат" пешравиҳоро дар самти тактикии Маринск давом дода истодаанд. Гуруҳи нерӯҳои ҷанубӣ бошад дар масири Авдеевка амалиёти бомуваффақият гузаронданд, илова намуд Вазорати мудофиа.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаии низомӣ: охирин киштии қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина ба қаър рафт
Манбаъ афзуд, ки умуман, дар самти Донетск рақиб то 50 низомӣ, 4 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ ва 2 мошини боркаш, 3 се гаубисаи D-20, 2 мошини ҷангии дастгоҳи "Град", 2 маҷмааи артиллерии М777 ва як дастгоҳи худгарди "Paladin"-и истеҳсоли ИМА-ро талаф дод.
Талафоти бештари нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск ва Запороже рух додаст. Дар он ҷо низомиёни Русия то 150 сарбози украинӣ, ду мошин, як тӯпхонаи худгард, як гаубисаи D-20 ва як истгоҳи назорати заминии ҳавопаймоҳои бесарнишинро нобуд карданд.
Дар самти Херсон Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 30 сарбоз, дар самти Краснолиманск то 60 ҷанговар, дар самти Купянский то 70 нафарро талаф доданд. Илова бар ин, ба нерӯҳои зиддиҳавоӣ муяссар шуд, ки як ҳавопаймои Су-25 ва 29 адад бесарнишини душманро сарнагун созанд, афзуд Вазорати мудофиа.