Мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ба тамрин шурӯъ кард

Омодагии тими мунтахаби милли Тоҷикистон дар Тошканд ба мусобиқаи байналмилалии футбол, ки даҳаи дуюми июн баргузор мешавад, оғоз ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, тамрини мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд даҳ рӯз идома меёбад.
Дар ин даҳрӯза тими Тоҷикистон ба мусобиқаи "CAFA Nations Cup-2023", ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар ворид гардидаанд.
Тими миллии Тоҷикистон озими Тошканд шуд
Петр Сегрт ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.
Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.
Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.