ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида аз таҳдиди эҳтимолии флоти Русия ба Амрико нигарон аст.
Дар ин бора шореҳи рӯзномаи New York Times Стивен Эрланҷер менависад.
Ба гуфтаи ӯ, тағирёбии иқлим дар Арктика масирҳои нави баҳриро боз мекунад ва рақобатро миёни кишварҳои минтақа афзоиш медиҳад.
"Тарси он аст, ки Флоти шимолии Русия навсозишуда метавонад аз гулӯгоҳҳои байни Гренландия, Исландия ва Британияи Кабир гузарад, ки ин иқдом дар НАТО бо номи "Қулми рости сурх" маъруф аст, то хутути баҳрӣ ва кабелҳои зериобиро бурида, ба соҳили шарқии ИМА бо мушак таҳдид кунад", — менависад рӯзноманигор.
Ғайр аз ин, ба андешаи Эрлангер, дар ин қаламрав иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ заифии ҷиддӣ дорад.
Русия як қудрати бузурги Арктика бо силоҳ ва пойгоҳҳои дарёии замонавӣ дар минтақа боқӣ мемонад.
Муаллиф ба хулосае омадааст, ки маҳфуз доштани он дар Арктика яке аз авлавиятҳои аввалиндараҷаи НАТО мегардад.