ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд аз иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳр шинос шуданд, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Бар хабари манбаъ, нахуст аз рафти сохтмони иншооти Маркази диллерии "Тойота" ва Маркази савдои фирмавии "Хонаи ман" ошноӣ пайдо карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ "Таҷмоторс" Маркази диллерии "Тойота"-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи "Тойота" ва қисмҳои эҳтиётии он дар ин маркази савдо фурўхта мешавад.
ҶДММ "Хонаи ман" бошад бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва минбаъд асбобу техникаи маишии барои хона ин ҷо фурӯхта хоҳад шуд.
Дар идома, Аҳмадзода ва Шарифзода дар маҳаллаи "Темурмалик" аз сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ дидан намуданд.
Зикр гардид, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд.
Ҳамчунин, дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати ҶДММ “Сохтмони Кабир” корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ ҷараён дорад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии "Садаф, ки дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд" бунёд шуда истодааст, ошноӣ пайдо карда шуд.
Манбаъ меафзояд, раиси вилоятба масъулини сохтмони ширкатҳо бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон ҷиҳати батартибдарории ҳудуди иншооти ҷашнӣ, тақвияти корҳои ободонӣ, зеббахшӣ ва сабзкорӣ дастурҳо дода шуд.