ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон далели таъхири бозӣ миёни КМВА ва "Истиқлол"-ро ба баргузории "CAFA Nations Cup-2023" рабт дод.
Бюрои Кумитаи иҷроияи Лигаи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бозии даври дувоздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни бошгоҳҳои КМВА ва "Истиқлол"-и Душанбе, ки мебоист 3-юми июн баргузор гардад, ба рӯзи эҳтиётии тақвим гузаронида шавад.
"Сабаби мавқуф гузоштан омодагии тими миллии Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии "CAFA Nations Cup-2023", ки аз 11 то 20 июн баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоияи ФФТ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки 11 футболбози дастаи "Истиқлол" ба тими миллӣ даъват шудаанд.
Дар назар тими мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 31 май барои анҷоми тамринот ба шаҳри Тошканд меравад.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.
Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.
Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.