Амалиёти вижаи низомӣ: ба артиши Русия паҳнои амалиётӣ дар ғарби Артёмовск боз аст

Русия зарбазаниро ба тамоми умқи ақибгоҳи фаврии душман идома медиҳад. Қувваҳои мусаллаҳ иншоотҳои низомии украиниро дар якчанд вилоятҳо нобуд сохтанд.
Sputnik
Баъд аз шикасти “қалъаи Баҳмут” артиши русиягӣ имконияти хуб барои ҳуҷум дар самти фаврии ғарбӣ ва ҳам барои пурра озод намудани вилоятҳои Донбасс, Запорожетс ва Херсонск ба даст овард, қайд менамояд таҳлилгари Sputnik Александр Хроленко.
Артиши русиягӣ задани зарбаҳои силсилавӣ ва дақиқро ба умқи ақибгоҳи фаврии душман идома медиҳад.
"Ҳуҷуми ҷавобӣ"-и ваъдагии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар арафаи тобистон, чун пештара, фақат дар олами хаёлӣ ва ҳам дар маводҳои нашрнамудаи рӯзномаву маҷаллаҳои ғарбӣ рушд мекунад.
Субҳи рӯзи душанбе, 29 май дар пойтахти Украина, ҳамчунин, дар вилоятҳои Киев (фурудгоҳи Жуляни), Днепропетровск, Сумск ва Черниговск аз бонги хатар, амалҳои бесарусомонаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ва таркишҳои сахт дар иншоотҳои артиши Украина оғоз ёфт.
Шарҳи Кремл дар бораи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Маскав
Шаби бар 29 май Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо зарбазаниҳои омехта иншоотҳои низомиро дар вилоятҳои Одесса, Киев, Кременчуг, Виннитск, Харковск ва Хмелнитск нобуд сохтанд. Бандари Одесса сӯхтан дорад.
Мушакҳои болдори русиягӣ ба минтақаҳои ғарбии Украина расиданд – дар вилояти Лвов дар бораи “ҳуҷумҳои мушакии шадидтар дар чанд моҳи охир” хабар доданд.
Бевосита дар ин вилоят якчанд иншоотҳои муҳими артиши Украина, иншоотҳои нақлиётиву боркашонӣ, ки тавассути онҳо ҷараёни яроқи ғарбӣ ба режими киевӣ равона буд, тарконида шуданд.
Рӯзи якшанбеи 28 май бошад, ҳамчунин, аҳолии Киев ва Житомир шоҳиди таркишҳои аслиҳа, сӯхторҳо дар даҳҳо иншоотҳои артиши Украина шуданд. Маъмурияти низомии Украина ин зарбаҳоро “аз ҳама шадидтарин” аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ном бурд.
Вазорати дифои Русия зарбаҳоро ба нуқтаҳои фармондеҳӣ, истгоҳҳои радиолокатсионӣ, авиатсия ва анбори нигоҳдории яроқ ва аслиҳаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро тасдиқ намуд.
Озодсозии Артёмовск – ғалабаи стратегии Русия
Апокалипсиси афзоянда бо тобишҳои гунногуни “Кинжал”, “Искандер”, мушакҳои болдор ва бесарнишинҳои “Геран” дар Украина наздик даҳ шабонарӯз инҷониб мушоҳида мегардад, ва ба назар чун “омодагӣ ба гулӯлаборонкунӣ”-и пеш аз ҳуҷуми русиягӣ метобад.
Дар ин зовия, маълумот дар бораи зарбаҳои алоҳидаи ҳавоӣ ба нуқтаҳои ҷойгиршавии ҳайати шахсӣ ва техникаи низомии артиши Украина дар Константиновка ва Краматорск ноаён мемонанд..
Ба ҳар ҳол, пас аз шикасти “қалъаи Баҳмут” маҳз дар ин ҷо, дар Донбасс, артиши русиягӣ паҳнои фаврӣ , имконияти хубро барои ҳуҷум ва озодкунии Часов Яр, Краматорск, Славянск, Дружковка ва Константиновка пайдо намуд.
Пас аз фатҳи хати мудофиаи артиши Украина дар ин маҳалҳои аҳолинишин имкони бо тезӣ фаровардани қӯшунҳои русиягӣ ба Днепр, ва минбаъд – соҳибикиунии тамоми соҳили чап имконпазир хоҳад буд.

Барои чӣ Ғарб ба ғалаба бовар дошт

Таҳлилгарони ғарбӣ чунин меҳисобанд, ки ҳадафи афзалиятнок барои фармондеҳии русиягӣ дар Донбасс шаҳри Часов Яр – дар панҷкилометраи Артёмовск – мешавад.
Ва огоҳ менамоянд: вазъияти дар майдони ҷанг баамаломада барои Украина, ки дигар барои нигоҳ доштани зӯрзаниҳои ҷангиаш қодир нест, “ин қадар хуб наметобад”
Нашрияи низомӣ-таҳлилии амрикоии Military Watch махсус қайд намуд, ки 60 ҳаз. нафар аъзоёни тибқи шартнома меҷангидаи ширкати хусусии низомии “Вагнер” дар давоми 224 рӯз батадриҷ ва дилпурона қувваҳои беҳтарини артиши украиниро дар Артёмовск нобуд сохтанд.
Ин далел имкониятҳои Украинаро дар мубориза бо қувваҳои асосии артиши русиягӣ зери шубҳа мемонад - бо артише, ки мунтазам навсозӣ мешаваду мусаллаҳшавӣ дорад.
Барои мисол, ҳар моҳ 100 танки нави Т-90М – беҳтарин дар ҷаҳон, пуриқтидор ва зиреҳпӯш, ки яроқи натогӣ нобуд карда наметавонад - мегирад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Собиқ нахуствазири Украина: Зеленский Украинаро ба Афғонистон табдил дод
Рӯзи 27 май Киев боз як бори дигар дар бораи ногузир будани “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина эълон намуд:”Вақти он расидааст, ки ҳамаи он чӣ ки ба мо тааллуқ дорад, баргардонем”. Аммо, дар баробари ногузирӣ номуайянӣ низ меафзояд – найрангбози асосии киевӣ Владимир Зеленский дудила аст.
Хадамоти ҷосусии олмонӣ ба хулосае омад, ки артиши Украина – бо ин ҳама дастгирии ғарбӣ – имконияти ғалабаро надорад, ва аз аввал ҳам надошт.
Сардори хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Бруно Кал қайд намуд:”Русия, чун пештара, қобилияти бурдани ҷанг аз масофаҳои дурро дорад. Ин чиз, ҳамчунин, ба қобилияти кишвар ба сафарбаркунӣ, ба имкониятҳои истеҳсоли аслиҳа ва яроқ низ дахл дорад”.
Шабакаи телевизионии британиёгии Sky News хабар дод, ки яроқи натогӣ дар муҳориба бо Русия артиши украиниро басо афсурда намуда истодааст, ин ҳатто ба қиркунандаҳои “мӯъҷизавӣ”-и F-16 низ дахл дорад.
Хотиррасон менамоем, ки дар Киев чунин меҳисобанд, ки барои “озодкунии Украина” ҳамагӣ 48 тайёраи қиркунандаи F-16 зарур аст.
Нашрияи амрикоии Newsweek бо истинод ба коршиносони низомӣ тасдиқ менамоянд, ки гирифтани ҳамаи танкҳои ваъдагии Ғарб ҳамаи муаммоҳои қувваҳои низомии Украинаро ҳал намекунад – тахассуси мутахассисонро баланд намебардорад, аслиҳаро дар хати ҷабҳа ва иқтидорҳои таъмириро дар ақибгоҳ изофа намекунад
Путин қонун дар бораи бекор кардани шартномаи ҚММ дар Аврупоро имзо кард: чӣ паёмад дорад?
Нашрияи 19fortyfive хотиррасон менамояд, ки дар дастурҳои Ситоди генералии артиши Украина бояд воқеияти низомӣ бартарӣ дошта бошанд, на фаслҳои сол. Чӣ гузашта истодааст?
Роҳбарони низомии киевӣ яқин аст, ки миёни “Санъати ҷанг”-и Сун-Тсзи, хиради Клаузевитса ва таълимоти Герасимов раҳгум задаанд. Ногаҳонии ҳуҷуми қувваҳои мусаллаҳи Украина аз даст рафт. Захираҳои Ғарб аз рӯи шиори “моро чӣ аз ин қисса, ки гов омаду хар рафт” сарф карда мешаванд.
Украина, амалан, қодир нест амалиётҳои ҳуҷумкунии густурдаву доманадор ба умқ гузаронад – Русия басо кишвари аз ҷиҳати ҷурғофӣ бузург ва аз рӯи ченаки низомӣ басо пурқудрат аст.
Артиши украинии намунаи соли 2022 бо шумори 260 ҳазор “найза” батамом торумор гардид. Садҳо ҳазор хизматчиёни ҳарбии омодагидида ва ҳавасмандкардашуда дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ ярадор шуданд, асир афтоданд ва ё кушта шуданд.
Захиравиён сатҳи зарурии омодагии ҷангии артиши Украинаро таъмин карда наметавонанд, иқтидори сафарбаркунии кишвар тамомшавӣ дорад.
Маҷмааи саноатӣ-низомии Ғарб охирин имкониятҳои будаи худро ба кор бурда истодааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: дастгирии Украина барои Ғарб бо фоҷиа меанҷомад
Дар шароитҳои муайян ба тезутундкунии аз ҷониба Ғарб “идорашаванда” Маскав таҳдиди задани зарбаи пешгирикунанда дорад – ва он зарба ба ҳеҷ ваҷҳ ба Украина, ки аз ҷиҳати ҷурғофӣ ба қаламрави ФР басо наздик аст, нахоҳад буд .
Умеди ИМА ва НАТО ба вайрон намудани рӯҳияи ҷангии (таслимшавии) Кремл бо эълони 14 ҳазор "таҳримҳои дӯзахӣ" ва интиқоли бисёрмиллиардаи (бо доллар ва евро) яроқ ба лӯхтакҳои киевӣ ноком шуд.
Оё Ғарб ба қароре меояд, ки дар зарфиёт ба дахолати бевоситаи низомӣ дар қаламрави на он қадар калони Украина, ки таҳти назорати Зеленский мебошад, даст занад? Суол беҷавоб аст. Ҳар чӣ ҳам бошад, ИМА ва НАТО қодир нестанд аз болои Русия ғалаба кунанд.
Тасдиқи ин - қиссаи ҳузнангези “мустақилият”-и лӯхтакӣ ва фарҷоми нафтатангези давлати ба ном вуҷуд доштаи украинӣ дар назари ҳамаи мо мебошад. Ғарб кӯмак намерасонад.
Пулро "рагу пайи ҷанг" мегӯянд, ба ҳар ҳол, қувваи ҳар як артиш дар сиёсати ҳукуматаш аст.
Иқтисоддони варзидаи амрикоӣ Джеффри Сакс эълон дошт, ки ИМА-ро дар Украина “сенарияи афғонӣ” интизор аст, зеро Вашингтон таклифҳои Маскавро бобати масъалаҳои амниятӣ сарфи назар намуд, ва ин ба фалокат (фоҷеа) оварда расонид.