ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-20) мақоми севумро касб кард.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон 1 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 1 бохт дошт.
Ба ин тартиб, даста дар ҳамаи бозиҳо 5-имтиёзӣ ба даст оварда, аз дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон, ки 10 ва 9 имтиёзӣ доранд, қафо монд.
Пас аз Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот Афғонистон бо 4 имтиёз ва Туркманистон, ки чаҳор бор мағлуб шуда, як хол ҳам ба даст наоварданд, қарор доштанд.
Аз дастовардҳои мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ бар тими Туркманистон, мусовии боэътимод дар бозиҳо бо Ӯзбекистон ва Афғонистон ва муборизаи шоиста дар бозӣ бо Эрон, ки бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт, ном бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа аз 21 то 28 май дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Панҷ бозӣ дар варзишгоҳи ССКА-и пойтахти кишвар ва 5 бозии дигарро варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода мизбонӣ карданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа ҳар як даста дар як давр бозӣ мекард. Дастаи ғолиб аз рӯи миқдори бештари хол муайян карда шуд.